Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БА ШИОРИ ОЛИМПӢ КАЛИМАИ “ЯКҶОЯ” ИЛОВА ХОҲАД ШУД

22.04.2021

Количество просмотров: 145

21 апрел Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар ҷаласаи навбатии фосилавӣ дар қатори дигар мавзӯъҳо пешниҳоди президенти КБО Томас Бахро оид ба илова кардани калимаи "якҷоя" бо тире ба шиори олимпии "зудтар, баландтар, қавитар" баррасӣ кард.

Ин идея ба Иҷлосияи 137-уми КБО моҳи гузашта пас аз интихоби дубораи президент Томас Бах манзур шуда буд. Пешниҳод барои шиор бо забонҳои гуногун чунин хоҳад буд:

Лотинӣ: “citius, altius, fortius - communis”
Англисӣ: “faster, higher, stronger – together”
Фаронсавӣ: “plus vite, plus haut, plus fort – ensemble“
Тоҷикӣ: "зудтар, баландтар, қавитар - якҷоя"

Ин пешниҳод аллакай аз ҷониби бисёриҳо, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии Пйер де Кубертен дастгирӣ ёфт.

Шӯрои иҷроияи КБО ин идеяро дастгирӣ кард ва акнун ба муҳокимаи аъзои КБО манзур карда мешавад. Вобаста ба натиҷаи ин машварат, пас аз се моҳ Иҷлосияи КБО дар Токио метавонад қарор қабул кунад.