Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ахбор

Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гуштин интихоб шуд
26.02.2018

Сипас, бо овоздиҳии вакилон Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан” барои то соли 2022 раиси Федератсияи гуштини Тоҷикистон интихоб гардид.

Гуштин: 18 варзишгари тоҷик дар ЧО-2018 иштирок мекунанд
26.02.2018

Аз 28 феврал то 4 марти соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин (тарзи озод, юнонӣ-римӣ, бонувон) доир мегардад, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 18 варзишгар ва ду мураббӣ иштирок мекунанд.

Натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар Гранд Слами Дусселдорф
26.02.2018

Варзишгарони мо дар 4 вазн - Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров (-73 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (-100) – қувваозмоӣ намуданд.

Таҷлили 25-солагии Артиши миллӣ бо иштироки Пешвои миллат
23.02.2018

Таъкид гардид, ки ҳанӯз бисту панҷ сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар вогузор шуда буд ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.

Сохтмони майдончаи варзишӣ бомаром идома дорад
22.02.2018

Дар сохтмон 20 нафар коргарони маҳаллӣ ва 10 техникаи сохтмонӣ ҷалб шудаанд.

Нақши Пешвои миллат дар рушди Ҳаркати олимпӣ
22.02.2018

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон Мавзуна Чориева доир ба омодагиашон ба мусобиқаҳо ёдовар шуданд.

200 оилаи хизматчиёни давлатӣ соҳиби манзил шуданд
21.02.2018

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 - ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

7 варзишгари тоҷик дар Гранд Слами Дусселдорф ширкат мекунанд
21.02.2018

Дар Гранд Слам Дусселдорф 500 варзишгар аз 71 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
21.02.2018

Маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳар гуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

“Хуҷанд” натавонист ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 барояд
21.02.2018

Бозии дастаҳо 20 феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.


2211 - 2220 => 2268
|< | <<. | 220 221 222 223 224 | >>. | >|