Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМПӢ БО ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ ВА ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ

ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМПӢ БО ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ ВА ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМПӢ БО ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ ВА ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМПӢ БО ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ ВА ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМПӢ БО ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ ВА ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМПӢ БО ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ ВА ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ

11.05.2025

: 20

   Дар доираи сафари корӣ масъулини Кумитаи олипимии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Асамблеяи Генералии Шӯрои олимпии Осиё дар давлати Қувайт роҷеъ ба ҳамкориҳои минбаъда бо Шӯрои Олимпии Осиё бо Директори генералии Шӯрои олимпии Осиё ҷаноби Ҳусайн Ал Мусаллам ва Ноиби Президенти Шӯрои олимпии Осиё Тани Абдулраҳман Ал Куварӣ вохурӣ баргузор намуданд.
Зимни вохурӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои судманд ва инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ гардид.
   Ҳамзамон аз ҷониби Шӯрои олимпии Осиё арзи сипосу миннатдорӣ ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои ҳамешагиашон ҷиҳати рушди олимпӣ ва инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форуми Шӯрои Олимпии осиё ва ҳамбастагии Олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида, зимни суҳбат иброз гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар марҳилаҳои баъдӣ ҷаласаҳои сатҳи баланди Олимпиро баргузор намояд, ки ин аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
   Қайд менамоем, ки бо таваҷҷуҳи хосса ба дастгириҳои ҳамешагии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷиҳати рушди олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё низ тасмим гирифт, ки 2 адад автомашинаи хурди сабукрави муосир ба Кумитаи олимпии Тоҷикистон туҳфа намояд.