07.05.2025
: 2
Имрӯз санаи 7-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конференсияи ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи варзишии волейбол”-и Тоҷикистон доир гардид.
Дар конференсия, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва аъзоёни федератсияи мазкур иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи варзишии волейбол”-и Тоҷикистон аз ҷониби аъзоёни федератсия интихоб карда шуд.