11.07.2024
: 349
Санаи 11 июли соли ҷорӣ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон – Элза Пинёл бо мақсади омодагиҳои ҳамаҷониба ва пайгирии корҳои логистикии ҳайати олимпии кишвар дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф овард.
Зимни ин ташриф мулоқоти ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Назаров Дилшод, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Абдуллозода Муҳаммадшо бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон – Элза Пинёл баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои сафарбарии ҳайати олимпии кишвар ба 33-юм Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024, пайгирӣ ва саривақт тадбиқ намудани корҳои логистикӣ барои ҳайати олимпии кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ва пайгирии дигар корҳои ташкилӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Ҳамзамон, Элза Пинёл бо якчанд варзишгарони муваффақи кишвар суҳбат намуда, ба онҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 бурдбориҳо таманно намуд.
Дар охир Сафири Фаронса дар Тоҷикистон – Элза Пинёл иброз намуд, ки пас анҷоми 33-юм Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024, Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон омодааст, ки баҳри рушди Ҳаракати олимпӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад.