31.05.2024
: 658
Дар Литсейи давлатии №1-и н.Восеъ миёни роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ ҷамъомад баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ҷамъомад ин ҷамъбаст намудани барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” дар ин муассиса буд.
Ёдовар мешавем, ки як қатор хонандагони ин муассиса мисли 9 муассисаи таълимии дигари кишвар аз рӯи дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” доир ба сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва мероси олимпӣ мавзуъҳоро омӯзиш гирифта буданд.
Ҷиҳати ба ҳадафҳои гузошташудаи барнома расидан ва бо мақсади ҷамъбаст намудани барнома дар ин муассисаи таълимӣ миёни хонандагон виктарина баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумита сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, миёни хонандагону директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева суҳбати озод дар мавзӯи варзиш, арзишҳои олимпӣ ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар кишвар баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Литсейи давлатии №1-и н.Восеъ кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводҳои дафтардорӣ ва лавозимотҳои варзишӣ расонид.
Роҳбарият ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак ва амалишавии барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” дар ин муассиса изҳори сипос намуданд.