Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СОЗИШНОМА МИЁНИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ “361°”-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ИМЗО РАСИД

СОЗИШНОМА МИЁНИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ “361°”-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ИМЗО РАСИД СОЗИШНОМА МИЁНИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ “361°”-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ИМЗО РАСИД СОЗИШНОМА МИЁНИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ “361°”-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ИМЗО РАСИД СОЗИШНОМА МИЁНИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ “361°”-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ИМЗО РАСИД СОЗИШНОМА МИЁНИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ “361°”-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ИМЗО РАСИД СОЗИШНОМА МИЁНИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ “361°”-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ИМЗО РАСИД

15.04.2024

: 176

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармоягузорон ва сарпарастони хориҷӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ширкатҳои хориҷӣ ба роҳ мондааст.
Дар ин росто, “Созишномаи сарпарастӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати “361°”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин” ба имзо расид. Баимзорасонии Созишномаи мазкур дар шаҳри Сиамени Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, он аз ҷониби ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва роҳбари аввали Ширкати “361°” ба имзо расонида шуд.
Дар асоси “Созишномаи сарпарастӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати “361°”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин”, Ширкати “361°” ҳайати олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 бо либосҳои расмӣ ва варзишӣ таъмин менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси Созишномаи ҳамкории қаблӣ Ширкати “361°” ҳайати дастаи кишварро дар Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу бо либоси варзишӣ таъмин намуда буд.
Зимни баимзорасонии “Созишномаи сарпарастӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати “361°”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин” ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои тарҳи либоси варзишии ҳайати олимпии кишварро дар асоси рангҳои Парчами давлатӣ омода намудан, шумораи либосҳо, андозаҳо, номгӯ, ҳамлу нақли либосҳо ва дигар корҳои ташкилиро мавриди баррасӣ қарор доданд.