Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК БА ТОШКАНД МЕРАВАНД

25.02.2023

: 301

Сайри ҷудои ҷаҳон бо Tashkent Grand Slam 2023 идома маёбад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

Мусобиқа 3-5 март бо иштироки 384 варзишгар (205 мард, 179 зан) аз 52 давлат баргузор мешавад. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 13 варзишгарро (11 мард, 2 зан) ба ин мусобиқа сафарбар менамояд:

-60кг - Муҳаммадсолеҳ Қуватов
-66кг - Эмомалӣ Нуралӣ
-66кг - Шаҳбоз Саидабуроров
-73кг - Беҳрӯз Хоҷазода
-73кг - Маҳмадшариф Наҷмиддинов
-81кг - Сомон Маҳмадбеков
-81кг - Муҳаммадҷон Абдуҷалилов
-90кг - Ҷаҳонгир Маҷидов
-90кг - Комроншоҳ Устопириён
+100кг - Иброҳим Элмуродов
+100кг - Темур Раҳимов

-48кг - Шукрона Карчиева
-57кг - Шоҳида Қаландарова

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, тими мунтахаби кишвар қабл аз ин мусобиқа бо роҳнамоии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тору дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади машқии 10-рӯза фаро гирифта шуданд. Дар ин ҷамъомад, ҳамчунин варзишгарони Клуби ҷудои "Мори"-и шаҳри Иркутски Федератсияи Россия ширкат карданд.

Чун анъана мо дар рӯзи аввал сабқатҳоро дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардҳо, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон тамошо мекунем. Рӯзи дуюм мусобиқаҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон сурат мегиранд. Мусобиқа бо қувваозмоии паҳлавонон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо, -78кг, +78кг миёни бонувон ба анҷом мерасад. Ғолибони ҳар вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ мегиранд.