Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2023: «ХУҶАНД» ВА «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ АВВАЛ ВОМЕХӮРАНД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2023: «ХУҶАНД» ВА «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ АВВАЛ ВОМЕХӮРАНД ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2023: «ХУҶАНД» ВА «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ АВВАЛ ВОМЕХӮРАНД

25.02.2023

: 293

24 феврал дар толори «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2023 баргузор шуд.

Дар 32-юм Чемпионати Тоҷикистон даҳ даста – «Истиқлол», КМВА (ҳар ду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳар ду аз Хуҷанд), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Куктош» (Рӯдакӣ) ширкат мекунанд.

Мавсими нави футболи Тоҷикистон 1 апрел оғоз шуда, мисли соли гузашта дар ду марҳила роҳандозӣ мегардад. Дар марҳилаи аввал – даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои зинаҳои аз 1 то 5-ум мубориза мебаранд. Панҷ дастаи боқимонда дар як давр дар гурӯҳи «Б» барои боқӣ мондан дар лигаи олӣ нерӯ месанҷанд ва ду дастаи поёни ҷадвал дар мавсими соли 2024 ба лигаи якум мераванд. Дар маҷмуъ, ҳар даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2023 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2023 дар фазои идона баргузор шуд. Ин дафъа бо даъвати Лигаи футболи Тоҷикистон қуръакаширо бозингарони маъруфи тими миллии кишвар Хуршед Маҳмудов ва Искандар Ҷалилов анҷом доданд.

Дар рафти қуръакашӣ Хуршед Маҳмудов ва Искандар Ҷалилов тартиби дастаҳоро муайян карданд. Дар натиҷа, клубҳои лигаи олии Тоҷикистон рақамҳои зеринро гирифтанд:

1. «Хуҷанд»
2. «Регар-ТадАЗ»
3. «Эсхата»
4. «Равшан»
5. «Ҳосилот»
6. Файзканд
7. «Куктош»
8. КМВА
9. «Хатлон»
10. «Истиқлол»

Тибқи системаи Бергер дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2023 бозиҳо ба чунин тартиб баргузор мешаванд:

«Хуҷанд» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»
«Эсхата» – КМВА
«Равшан» – «Куктош»
«Ҳосилот» – «Файзканд»

Тақвими пурраи Чемпионати Тоҷикистон бо истифода аз ҷадвали шатранҷбоз ва олими маъруфи Австрия Бергер тартиб дода мешавад.