Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК БАРОИ ШИРКАТ ДАР МУСОБИҚАИ РЕЙТИНГӢ БА МИСР РАФТАНД

17.02.2023

: 303

23-26 феврал дар шаҳри Александриаи Миср дуюм силсиламусобиқоти рейтингӣ оид ба гуштин баргузор мешавад.

Қарор аст дар мусобиқа 466 варзишгар аз 48 кишвар ширкат кунанд. Аз ҷумла дар гуштини тарзи озод 184 нафар, дар гуштини юнонӣ-римӣ 149 нафар ва дар гуштини бонувон 133 нафар номнавис шудаанд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа се варзишгар дар гуштини юнонӣ-римӣ намояндагӣ мекунанд: Асламҷон Азизов (-60кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67кг) ва Шероз Очилов (-72кг). Онҳоро дар ин сафар сармураббӣ Равшан Ҳайдаров ҳамроҳӣ менамояд.