Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР КӮМАКИ ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ТУРКИЯ ВА СУРИЯ

14.02.2023

: 183

Ҳаракати олимпӣ барои кӯмак ба ҷомеаи олимпӣ, гурезагон ва оворагон дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия ва Сурия як миллион доллари ИМА ҷудо мекунад.

Дар пайи заминларзаи харобиоваре, ки дар Туркия ва Сурия рух дод, Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Шӯрои олимпии Осиё (ШОО), Кумитаи олимпии Аврупо (КОА) ва Фонди паноҳандагони олимпӣ (ФПО) дар маҷмӯъ 1 миллион доллар хайр хоҳанд кард, ки ба ҷомеаи олимпӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ёрӣ расонад.

КБО ва ШОО ҳар кадом 250 000 доллари ИМА, КОА 250 000 евро ва ФПО барои кӯмаки фаврӣ ба аҳолии маҳаллӣ ва зарадидагон дар Туркия ба маблағи 260 000 доллари ИМА ҷудо мекунанд.

«Мо бо таассуфи зиёд дар бораи талафоти фоҷиавии одамон ва харобиҳои заминларзае, ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Туркия ва Сурия рух дод, хабар гирифтем, - гуфт президенти КБО Томас Бах. - Мутаассифона, дар байни қурбониён як қатор варзишгарон ва аъзои ҷомеаи олимпӣ ҳастанд, дар ҳоле ки бисёре аз дигарон манзилҳои худро аз даст додаанд ва инфрасохтори варзишӣ осеби ҷиддӣ дидааст. Кӯмаки аввалини фаврии мо дар Туркия тавассути Фонди паноҳандагони олимпӣ ва шарикони онҳо дар маҳал интиқол дода мешавад. Дар Сурия мо бо созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ва оҷонсиҳои СММ, ки метавонанд ба минтақаҳои осебдида дастрасӣ дошта бошанд, ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо фаҳмидем, ки дар ҳоли ҳозир ниёзи бештар ба ғизо, дору ва хаймаҳост”.

Бо дарназардошти таъсири харобиовар ба онҳо, оилаҳои онҳо ва ҷомеаи мизбон, саҳми ФПО барои кӯмаки башардӯстона, аз қабили таъмини либос, кӯрпа, ғизо ва манзил истифода мешавад.