Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТЕМУР РАҲИМОВ – БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ СОЛИ 2022

ТЕМУР РАҲИМОВ – БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ СОЛИ 2022 ТЕМУР РАҲИМОВ – БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ СОЛИ 2022 ТЕМУР РАҲИМОВ – БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ СОЛИ 2022 ТЕМУР РАҲИМОВ – БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ СОЛИ 2022 ТЕМУР РАҲИМОВ – БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ СОЛИ 2022

13.02.2023

: 223

13 феврал Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як маросими тантанавӣ беҳтаринҳои соли 2022-ро дар соҳаи варзиш эълон карда, ғолибону ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиёро бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ кард.

Дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ширкат карданд.

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 феврали соли равон ба имзо расид, 35 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат ва мураббиёни онҳо бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 568 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50000 сомонӣ аст.

Ҳамин тариқ, Темур Раҳимов (ҷудо), Шодмон Ризоев (ҷудо), Асламҷон Азизов (гӯштини юнонӣ-римӣ) барои ба даст овардани медали нуқраи Чемпионати Осиё, Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо) барои ба даст овардани медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон бо 50 000 сомонӣ;

Моҳру Ҳалимова (таеквондо), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), Баҳодур Усмонов (бокс), Муҳаммад Аброриддинов (бокс), Мустафо Ахмедов (гӯштини тарзи озод) барои ба даст овардани медали биринҷии Чемпионати Осиё бо 25 000 сомонӣ;

Давлат Болтаев (бокс) барои ба даст овардани медали тиллои Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 22-сола бо 18750 сомонӣ;

Сумайя Қосимова (бокс), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (бокс), Абдумалик Болтаев (бокс), Некрӯз Салимов (бокс), Шаҳбоз Ҳаитов (бокс), Муҳаммад Аброриддинов (бокс) барои ба даст овардани медали нуқраи Чемпионати Осиё байни ҷавонони то 22-сола, Суннат Абдуллоев (гӯштини юнонӣ-римӣ), Муҳаммадамин Абдуллоев (гӯштини тарзи озод), Исо Нурмуҳаммадов (гӯштини юнонӣ-римӣ), Анушервон Фозилов (бокс), Алиризо Баҳромов (гӯштини тарзи озод) барои ба даст овардани медали нуқраи Чемпионати Осиё байни наврасон бо 12500 сомонӣ;

Ҳусния Холова (бокс), Малика Нозимова (бокс), Хусравхон Раҳимов (бокс), Расул Аҳадов (бокс), Юсуф Фозилов (бокс), Нурланбек Эрматов (бокс), Акмалҷон Абдуллоев (бокс), Фирӯз Мирзораҷабов (гӯштини юнонӣ-римӣ), Нурулло Муродов (таеквондо) барои ба даст овардани медали биринҷии Чемпионати Осиё байни ҷавонон, Ҳангома Исоева (бокс), Руслан Ғафуров (бокс), Рустамҷон Ашуров (бокс), Ҳусейн Ҳасанов (гӯштини юнонӣ-римӣ), Муҳаммад Абдуҳакимзода (гӯштини юнонӣ-римӣ) барои ба даст овардани медали биринҷии Чемпионати Осиё байни наврасон бо 6250 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Тибқи Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ 20 фоизи маблағи пешбинишуда ба мураббиёни варзишгарон дода мешавад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш беҳтаринҳои соҳаи варзишро дар соли 2022 тариқи зайл муайян карда, бо ҷоизаҳо қадрдонӣ намуд:

Беҳтарин варзишгар миёни калонсолон аз рӯи намудҳои олимпии варзиш:
Темур Раҳимов (ҷудо), барандаи медали тиллои Гранд Слами Боку, медали нуқраи мусобиқаи ситораҳои ҷудо дар Тел Авив, медали нуқраи Чемпионати Осиё дар Остона, се медали биринҷии Гранд Слам (Абу Даби, Тел Авив, Анталия);

Беҳтарин варзишгар миёни ҷавонон:
Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо), барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар Эквадор;

Беҳтарин варзишгар миёни калонсолон аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ:
Шавкат Раҳимов (бокси касбӣ), барои ба даст овардани унвони чемпиони ҷаҳон (IBF);

Беҳтарин варзишгар миёни бонувон:
Жасмин Ан Нимр (бодибилдинг), барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон (дар Пҳукети Тайланд) ва Чемпионати Осиё (Малдив);

Беҳтарин дастаи варзишӣ:
Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки аввалин маротиба дар таърихи футболи кишвар ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт;

Беҳтарин мураббии сол (миёни варзишгарони калонсол):
Суҳроб Абдураҳмонов – мураббии Темур Раҳимов;

Беҳтарин мураббии сол (миёни варзишгарони ҷавон):
Фаррух Собиров – мураббии Эмомалӣ Нуралӣ;

Беҳтарин федератсияи варзишии намудҳои олимпӣ:
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон;

Беҳтарин федератсияи варзишии намудҳои ғайриолимпӣ:
Федератсияи гуштини миллӣ – гуштингирии Тоҷикистон;

Беҳтарин шаҳри варзишӣ:
Шаҳри Душанбе;

Беҳтарин иншооти варзишӣ:
Маркази варзишии Академияи футболи Клуби итолиёвии “Ювентус”;

Варзишгарнавраси умедбахш:
Сомон Турсунзода (ҷудо);
Сомон Амонов (теннис ва бадминтон);
Эмомҳусайн Умаров - дорандаи сертификати ҷаҳонии рекорд бо қувваи дастсанҷӣ (отжиманий) (зиёда аз 5200 маротиба);
Жасмина Нурматова (гимнастика);
София Турсунзода (гимнастика);
Елизавета Стрелникова (гимнастика);

Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш:
Телевизиони “Варзиш”;

Беҳтарин шореҳи варзишӣ:
Раҳматшо Обидов (Телевизиони “Тоҷикистон”);
Алӣ Шариф (Телевизиони “Варзиш”);
Муродалӣ Тешаев (Телевизиони “Варзиш”);

Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш:
Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе;
Мактаби варзишии ноҳияи Роштқалъа;
Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт;
Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намуди волейболи ноҳияи Ҷаббор Расулов;
Мактаби варзишии ноҳияи Данғара;
Мактаби варзишии ноҳияи Панҷ;
Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат.