Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

35 ВАРЗИШГАР САЗОВОРИ ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МЕГАРДАНД

11.02.2023

: 133

11 феврали соли равон барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тибқи ин амр ва дар асоси пешниҳоди қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2022 мебошанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 568 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50000 сомонӣ аст.

Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 асосан онҳое мебошанд, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид бокс, ҷудо, гуштини юнонӣ-румӣ, тарзи озод ва таеквондо ВТ соҳиби медал гардидаанд.

Ин қадршиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мудом дар мадди назари Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконияти иштирок дар садҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин Бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.

Варзишгарони тоҷик сол аз сол ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил гашта истодаанд. Аз ҷумла, давоми соли 2022 650 варзишгар, аз ин шумора 34 бону ба 64 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал, аз ҷумла 150 тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ ворид намуданд.