Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧҶ-2025 ОИД БА ВАРЗИШҲОИ ОБӢ ДАР СИНГАПУР ДОИР МЕГАРДАД

10.02.2023

: 135

Сингапур ба ҷои шаҳри Қазони Русия мизбонии Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ дар соли 2025-ро бар уҳда гирифт.

Қазон ҳаққи мизбонии чоранибиро дар соли 2025 соли 2019 соҳиб гардида буд, аммо ҳоло ба Сингапур кӯчонида шуд. Аз ин пеш Қазон аз ҳаққи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (25 метр) дар соли гузашта низ маҳрум шуд ва он дар Мелбурни Австралия доир гардид.

Сингапур нахустин кишвари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хоҳад шуд, ки мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ мешавад. Санаҳои баргузории чорабинӣ, ки интизор меравад беш аз 2500 варзишгар ширкат кунанд, тасдиқ нашудааст.

Сингапур қаблан чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонии варзишҳои обиро баргузор карда буд, аз ҷумла Ҷоми ҷаҳон аз 5 намуди варзиши обӣ ва Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ миёни наврасон.

Ҳамин тариқ, Сингапур сеюм шаҳри қораи Осиё аст, ки пайиҳам Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обиро баргузор мекунад. Чорабинӣ соли 2023 дар Фукуокаи Ҷопон, соли 2024 дар Доҳаи Қатар ба нақша гирифта шудааст.