Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК ШИРКАТ МЕКУНАНД

01.02.2023

: 235

10-12 феврал дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои варзишии Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё – Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида-2023 баргузор мешавад.

Ин 10-ум Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида хоҳад буд. Чорабинӣ бояд 11-13 феврали соли гузашта доир мегашт, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол мавқуф гузошта шуд.

Интизор меравад, ки беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора аз рӯи 26 риштаи варзиши сабук рақобат кунанд.

Аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 6 нафар - Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода – ба Остона сафарбар гардидаанд. Қабл аз чемпионат даста дар шаҳри Остона ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шуданд.

Дар чемпионат занону мардон дар дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 60м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулӯла, панҷҳарба (бонувон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400м рақобат мекунанд.