Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУЛОҚОТИ АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА БО ҲУСЕЙН АЛ-МУСАЛЛАМ

МУЛОҚОТИ АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА БО ҲУСЕЙН АЛ-МУСАЛЛАМ МУЛОҚОТИ АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА БО ҲУСЕЙН АЛ-МУСАЛЛАМ МУЛОҚОТИ АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА БО ҲУСЕЙН АЛ-МУСАЛЛАМ МУЛОҚОТИ АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА БО ҲУСЕЙН АЛ-МУСАЛЛАМ

26.01.2023

: 221

25 январ ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Раҳмонзода Абдулло бо президенти Ташкилоти варзишҳои обии ҷаҳонӣ, директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусейн Ал-Мусаллам мулоқот кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин президенти Федератсияи байналмилалии Кураш, директори Департаменти Бозиҳои Осиёи Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Ал-Шафар, аз ҷониби КМОТ ноиби Президенти КМОТ Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо ва директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева ширкат доштанд.

Абдулло Раҳмонзода зимни мулоқот аз ҷумла иброз намуд, ки ташрифи меҳмонон ба сарзамини Тоҷикистон ба рушди намудҳои гуногуни варзиш мусоидат хоҳад кард.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан роҳбари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд. Ҳамин аст, ки агар соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1000 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шуда буд, ин шумора феълан ба беш аз 10 000 расидааст. Аз ҷумла, соли 2021 дар шаҳри Душанбе як маҷмааи варзишҳои обӣ бо сатандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуд, ки имкон дорем мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро гузаронем”, - иброз намуд Раҳмонзода А.

Ҳусейн Ал-Мусаллам дар навбати худ иброз намуд, аз он ки дар шаҳри Душанбе ҳаст, хушҳол мебошад. Қайд кард, ки Ташкилоти ҷаҳонии варзишҳои обӣ якчанд лоиҳаҳоро роҳандозӣ кардааст, ки Федератсияи шиноварии Тоҷикистон метавонад барои рушди ин намуди варзиш аз онҳо истифода барад. Аз ҷумла, тасмим гирифта шуд, ки шиноварӣ миёни мактаббачаҳо рушд дода шавад. Барои ин мо бояд омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмониро омӯзиш диҳем. Дар ин самт ташкилоти ҷаҳонӣ кӯмак хоҳад кард.

Дар идома рушди ҳамкориҳо миёни КМОТ ва Шӯрои олимпии Осиё низ баррасӣ шуда, ҷонибҳо барои сохтмони як майдончаи варзишӣ ва таҷдиди ҳавзи шиноварии Мактаби ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин гузаронидани ҷамъомадҳои машқии байналмилалӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба марафони шиноварӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Дар анҷом Раҳмонзода Абдулло ба Ҳусейн Ал-Мусаллам барои дар сатҳи олӣ ташкил ва баргузор кардани 19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин ва 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Тайланд, ки имсол ба нақша гирифта шудаанд, муваффақият хост.