Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҚУРЪАКАШИИ ҶОМИ ФФТ-2023 ДАР МИНТАҚАИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ШУД

17.01.2023

: 198

16-уми январ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Лигаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва лигаи якуми кишвар баргузор шуд.

Дар ҷаласа, аз ҷумла қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе доир гашт.

Маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми ФФТ имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб ба ҷуз аз ҷоиза, инчунин 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандаи медалҳои нуқра соҳиби 30 000 сомонӣ ва медалҳои биринҷӣ соҳиби 20 000 сомонӣ хоҳанд шуд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунад, ки аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Куктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб шомил шуда, гурӯҳи «В» аз КМВА, «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» иборат аст.

Пас аз ҷамъбасти даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии мусобиқа, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Аз минтақаҳои Суғду Хатлон дудастаӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023 роҳхат мегиранд.