Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИН: СУННАТ АБДУЛЛОЕВ НИЗ АЗ БОКУ БО МЕДАЛ БАРМЕГАРДАД

20.12.2022

: 257

Дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола варзишгари дигари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг-и равияи юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Исоҷон Нурмаҳмадзода (-71кг) дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ ҷои панҷумро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни -80кг-и равияи тарзи озод сазовори медали тилло шуда буд.

Мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасон 16-19 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир гашт.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доранд.