Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“FINA” ТАҒЙИРИ НОМ КАРДА, “WORLD AQUATICS” ШУД

“FINA” ТАҒЙИРИ НОМ КАРДА, “WORLD AQUATICS” ШУД “FINA” ТАҒЙИРИ НОМ КАРДА, “WORLD AQUATICS” ШУД

13.12.2022

: 228

Федератсияи байналмилалии шиноварӣ бо тасвиби оинномаи нав номашро ба “World Aquatics” (Варзишҳои обии ҷаҳонӣ) иваз кард.

Оинномаи нав, ки интизор меравад аз моҳи январи соли оянда эътибор пайдо кунад, дар Маркази намоишгоҳ ва конгресси Мелбурн (Австралия) бо аксарияти овозҳо тасвиб шуд.

"Ин номест, ки фаҳмо ва осон аст ва моро дар баробари дигар федератсияҳои байналмилалӣ ва варзишгарони моро муаррифӣ мекунад, - гуфт раиси Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал-Мусаллам. - Ба мо номе лозим аст, ки тамоми оилаи FINA-ро инъикос кунад, номе, ки шиноварони синхронӣ, ҷаҳиш ба об, шиноварӣ дар оби кушод ва варзишгарони туббозӣ дар об истифода баранд”.

Тағйироти дигари оинномаи созмон аз он иборат аст, ки шумораи аъзои Бюро бо намояндагии занҳо то 38 фоиз зиёд карда мешавад, инчунин барои президент муҳлати нав муқаррар мегардад.