Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ЗЕБОНИСО” МАРОТИБАИ СЕЮМ ҒОЛИБИ ЛИГАИ ФУТБОЛИ БОНУВОН ШУД

01.12.2022

: 292

Дастаи футболи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова чемпиони секаратаи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои занона гардид. Қаблан футболбозбонувони Душанбе солҳои 2018 ва 2020 чемпиони кишвар шуда буданд.

Имсол дар лигаи футболи занонаи Тоҷикистон 10 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) ширкат карданд.

Чемпионат дар ду давра доир гардид, ки дар он ҳар як даста бо ҳамдигар ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ карданд.

Дастаи «Зебонисо»-и пойтахт тамоми мавсимро бидуни бохт гузаронда, дар 18 вохӯрӣ 18 ғалаба ба даст овард. Шогирдони Зебо Гасимова дар ин мавсим 193 гол зада, ба дарвозаи худ ҳамагӣ се гол сар доданд.

Медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон насиби дастаи «Хатлон»-и Бохтар (48 имтиёз) ва медалҳои биринҷӣ насиби футболбозони дастаи «Суғд» (39 хол) шуд.

Аз рӯи натоиҷи чемпионат Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон беҳтаринҳои солро муайян кард. Беҳтарин дарвозабони чемпионат Муниса Гулова («Зебонисо») дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки 68 гол задааст, тақдим гардид. Ҷоизаи «Кашфи сол»-ро аз дастаи «Бешкент» Улҷамол Элмуродова гирифт. Зебо Гасимова («Зебонисо») беҳтарин мураббӣ, Нодира Мирзоева (Душанбе) беҳтарин довар миёни занон дониста шуданд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари лига ба Сайёра Саидова («Зебонисо») тақдим шуд.