Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲЕНДБОЛБОЗДУХТАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҶОИ ДУЮМРО ГИРИФТАНД

ҲЕНДБОЛБОЗДУХТАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҶОИ ДУЮМРО ГИРИФТАНД ҲЕНДБОЛБОЗДУХТАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҶОИ ДУЮМРО ГИРИФТАНД ҲЕНДБОЛБОЗДУХТАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҶОИ ДУЮМРО ГИРИФТАНД

29.11.2022

: 328

20-28 ноябр дар шаҳри Намангони Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба ҳендбол миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони то 18-сола баргузор шуд.

Аз Тоҷикистон танҳо тими бонувон ба мусобиқа сафарбар гардида, ҷои дуюмро сазовор шуданд.

Мусобиқа тибқи системаи даврӣ баргузор шуда, тими Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев чор бозӣ анҷом дод. Ҳендболбоздухтарони ҷавони мо дар се бозӣ муқобили дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон пирӯз шуда, аз дастаи Узбекистон шикаст хурданд ва ҷои дуюмро сазовор гаштанд.

Дар мусобиқа миёни духтарон Узбекистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои сеюмро мушарраф шуданд.