Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“РАВШАН”-И ЗАФАРОБОД ВА ИСТАРАВШАН ЛИГАИ ОЛИРО ТАРК МЕКУНАНД

“РАВШАН”-И ЗАФАРОБОД ВА ИСТАРАВШАН ЛИГАИ ОЛИРО ТАРК МЕКУНАНД “РАВШАН”-И ЗАФАРОБОД ВА ИСТАРАВШАН ЛИГАИ ОЛИРО ТАРК МЕКУНАНД

24.11.2022

: 282

Дастаҳои “Равшан”-и Зафаробод ва “Истаравшан”-и Истаравшан, дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ду ҷои охирро дар ҷадвал ишғол карданд, дар мавсими оянда ба лигаи якум мегузаранд.

Дар даври 23-юми чемпионат дар гурӯҳи “В”, ки 20-уми ноябр баргузор шуд, “Истаравшан” аз “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:2, “Равшан”-и Зафаробод аз “Файзканд” бо ҳисоби 1:4 шикаст хурданд.

Дар гурӯҳи “А” бошад, бозиҳои даври 22-юм сурат гирифта, “Истиқлол” бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:0 ва “Хатлон” бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.

Пас аз натоиҷи бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон-2022 дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барои худ мақомҳои ифтихориро кафолат дод. Дастаи шаҳри Кӯлоб бо 35 хол феълан дар ҷойи дуюми ҷадвал қарор дорад ва дар ҳар сурат дигар аз зинаи сеюм поён намефарояд. Дар сурати мусовӣ ё пирӯзии «Хатлон» дар бозии даври ниҳоӣ бо дастаи «Хуҷанд», клуби шаҳри Бохтар мақоми дуюмро мегирад ва «Равшан» соҳиби медалҳои биринҷӣ мешавад. Дар сурати пирӯзии «Хуҷанд» бар «Хатлон», «Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2022 ва «Хуҷанд» барандаи медалҳои биринҷӣ мегарданд.

Ба футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки пеш аз муҳлат дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозӣ бо тими «Хуҷанд» (2:0) ҷоми чемпионӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки тими «Истиқлол»-и пойтахт маротибаи ёздаҳум дар таърихи худ медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистонро ба даст овард. Қаблан серҷоизатарин бошгоҳи кишвар дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 ва 2021 чемпиони Тоҷикистон шуда буд.