Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ҲОСИЛОТ” ВА “КУКТОШ” БА ЛИГАИ ОЛӢ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

17.11.2022

: 139

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум бо пирӯзии тими “Ҳосилот”-и Фархор анҷом ёфт.

Маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи “Ҳосилот” баъди анҷоми бозии даври охир бо тими меҳмон - “Динамо”-и Душанбе баргузор шуд. Дар ин дидор футболбозони Фархор бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.

Ба ҷуз аз ҷому медалҳои тилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар маросими мукофотсупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳия барои ин дастовард ба ҳайати дастаи “Ҳосилот” ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.

Дастаи “Ҳосилот” дар мавсими имсола 56 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқаи лигаи якум мақоми аввалро касб кард ва баъд аз панҷ сол ба лигаи олӣ баргашт.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар даври охири мусобиқа дар меҳмонӣ тими “Гулистон”-и шаҳри Гулистонро бо ҳисоби 9:2 шикаст дод, бо 53 хол ҷои дуюмро гирифт. Ин даста низ ба лигаи олӣ роҳхат гирифт.

Ҷойи сеюм бо касби 50 хол насиби дастаи “Динамо”-и Душанбе гардид.

Чемпионати имсолаи Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи аввал бо иштироки 12 даста дар ду марҳила сурат гирифт – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ),«Саройкамар» (Панҷ),«Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Моҳир» (Ёвон), «Ҳосилот» (Фархор), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Динамо» (Душанбе), «Гулистон» (Гулистон), «Душанбе» (Душанбе).