Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГУШТИН-2023 ДАР БЕЛГРАД ДОИР МЕШАВАД

15.11.2022

: 232

Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин соли дуюм пайиҳам дар Белгради Сербия баргузор хоҳад шуд.

Бюрои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) рӯзи 14 ноябр зимни як ҷаласа Белградро мизбони Чемпионати ҷаҳон эълон кард. Озарбойҷон ва Туркия низ ба мизбонии ин чорабинии сатҳи баланд ҳавасмандии худро баён дошта буданд. UWW ҳамкориро бо федератсияҳои миллии ин кишварҳо барои чорабиниҳои оянда идома медиҳад.

Белград, ки Чемпионати ҷаҳонии гуштин-2022-ро бомуваффақият гузаронд, дар оғози моҳи сентябри соли 2023 дубора мизбони ин мусобиқот хоҳад шуд.

Санаи баргузории мусобиқа шояд аз 16-уми сентябр ба 24-уми сентябр иваз карда мешавад, зеро он бо Бозиҳои Осиё, ки қарор аст 23-юми сентябр дар Ҳангжоуи Чин оғоз шавад, бархӯрд мекунад.

Қарор буд Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин-2023 дар Красноярски Русия баргузор шавад, аммо азбаски Кумитаи байналмилалии олимпӣ тавсия дод, ки чорабиниҳои варзишӣ дар Руссия ва Белорус баргузор нашаванд, аз мизбонии чорабинӣ маҳрум шуд.

Гуштингирон дар Чемпионати ҷаҳон дар Белград барои дарёфти 90 роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 имкон пайдо мекунанд. Ҳар кишваре, ки дар чемпионати қоравии соли 2023 ширкат кардааст, ҳақ дорад дар чемпионати ҷаҳон иштирок кунад.