Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

РОҲБАРИЯТИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

РОҲБАРИЯТИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД РОҲБАРИЯТИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД РОҲБАРИЯТИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД РОҲБАРИЯТИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД РОҲБАРИЯТИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

14.11.2022

: 607

14 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа истеъфои президенти федератсия Бег Сабур тасдиқ гардида, номзадии Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон пешбарӣ ва аз ҷониби аъзои федератсияи интихоб шуд.

Мирзоалӣ Комил ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ барои рушди бештари намуди бокс талош мекунем.

“Ба Бег Сабур барои иҷрои вазифаҳояш дар вазифаи президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир назаррас аст. Аз ҷумла ду рӯз пеш ду варзишгарамон – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дар намуди бокс мо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорем. Талош мекунем, дастовардҳо боз ҳам бештар шавад ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд”, - гуфт Мирзоалӣ Комил.

Дар идома бо пешниҳоди президенти нави Федератсия Мирзоалӣ Муҳаммад котиби генералии Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд.

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ки дар ҷаласа ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок дошт, роҳбарияти нави федератсияро табрик намуда, барояшон муваффақият хост. Иброз намуд, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳамкорӣ бо федератсияи омода аст.