Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: БОЗИҲОИ ДАВРИ 21-УМ БАРГУЗОР ШУД

ЛИГАИ ОЛӢ: БОЗИҲОИ ДАВРИ 21-УМ БАРГУЗОР ШУД ЛИГАИ ОЛӢ: БОЗИҲОИ ДАВРИ 21-УМ БАРГУЗОР ШУД

12.11.2022

: 212

Бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар ду бозии гурӯҳи “А” “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 ва “Хуҷанд” бар дастаи КМВА бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Голҳоро дар ҳайати тими шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Нозимов ва дар ҳайати тими Хуҷанд Тоҳир Малодӯстов, Ҷаҳонгир Эргашев ва Самандар Очилов заданд.

Дар гурӯҳи “В” тими “Эсхата” бар “Истаравшан” бо ҳисоби 3:0 ва “Регар-ТадАЗ” бар “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд. Голҳои “Эсхата”-ро Дилшод Бозоров, Санҷар Рихсибоев ба номашон сабт карданд. Як тӯби дигарро бозингари Истаравшан Шаҳзод Иноятов вориди дарвозаи дастааш кард. Дар ҳайати “Регар-ТадАЗ” бошад, Ҷасур Қурбонов ду гол, Анвар Муродов, Фирӯз Бобиев ва Фирӯз Қараев якголӣ ба самар расонданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, “Истиқлол” пеш аз муҳлат унвони чемпиониро сазовор шуд. “Равшан”-и Кӯлоб пас аз пирӯзӣ дар даври 21-ум бо 35 хол мавқеашро дар ҷои дуюми ҷадвал мустаҳкам кард. “Хуҷанд” ва “Хатлон” бо 31-холӣ дар ҷойҳои сеюму чорум мавқеъ доранд.