Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БУҶЕТИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС-2023 5,2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ХОҲАД БУД

08.11.2022

: 221

Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлев 7 ноябр зимни нишасти матбуотӣ дар Дубай тасдиқ кард, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс соли 2023 дар Тошканд рӯзҳои 1-14 май баргузор мешавад.

“Бори аввал дар таърих мо фонди ҷоизавии рекордӣ, яъне 5,2 миллион долларро хоҳем дошт. Барои ҷои аввал 200000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 100000 доллари ИМА ва барои ҷои сеюм 50000 доллари ИМА мукофот дода мешавад”, - гуфт Кремлев.

Нишасти матбуотии президенти IBA дар Дубай дар ҳоле баргузор мешавад, ки Амороти Муттаҳидаи Араб мизбони Форуми ҷаҳонии бокс дар моҳи декабр мебошад ва маротибаи сеюм дар таърих тамоми ҷонибҳои манфиатдори ҷаҳонро муттаҳид мекунад.

Форуми ҷаҳонии бокс бо ташаббуси президенти IBA Умар Кремлев оғоз шуда буд ва пас аз пандемия дубора барқарор мешавад.

“Мо ба Форум намояндагони ҷаҳони бокс, варзишгарону мураббиёни барҷастаи бокс, ходимони бокс, менеҷерҳо, доварон, табибон ва ҳамаи онҳоеро, ки бо варзиши мо машғуланд, даъват мекунем. Форум платформа барои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини бокс ва якҷоя ҳал кардани онҳо мегардад”, - афзуд Кремлев.