Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИИ РАФИҚОНА БАР МУНТАХАБИ РОССИЯ ПИРӮЗ ШУД

08.11.2022

: 189

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бар барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо, мунтахаби футзали Россия бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуд.

Бозии рафиқона миёни тимҳои футзали Тоҷикистону Россия 7-уми ноябр дар Қасри теннис ва маҷммаи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ҳайати дастаи мо Файзалӣ Сардоров чор гол, Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев дуголӣ заданд.

Имрӯз, 8 ноябр, мунтахабҳои футзали Тоҷикистон ва Россия бозии дуюми рафиқонаро дар Душанбе баргузор мекунанд.