Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҚИСМАТИ АВВАЛИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” АНҶОМ ЁФТ

ҚИСМАТИ АВВАЛИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” АНҶОМ ЁФТ ҚИСМАТИ АВВАЛИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” АНҶОМ ЁФТ ҚИСМАТИ АВВАЛИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” АНҶОМ ЁФТ ҚИСМАТИ АВВАЛИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” АНҶОМ ЁФТ ҚИСМАТИ АВВАЛИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” АНҶОМ ЁФТ

05.11.2022

: 199

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) давоми моҳи ноябр дар 10 муассисаи таҳсилоти миёни умумии шаҳри Душанбе Барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ”-и ҳамбастагии олимпиро татбиқ мекунад.

Дар доираи барнома КМОТ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 1-5 ноябр бо иштироки 10 омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт семинари омӯзишӣ доир кард.

Давоми панҷ рӯз мутахассисони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мавзуъҳои ҳаракати олимпӣ, мисли таърихи Бозиҳои олимпии қадим, Бозиҳои олимпии муосир, Ҳаркати олимпии Тоҷикистон, намудҳои олимпии варзиш, аҳамияти варзиш ба шахс ва ҷомеа, ташкили мусобиқоти варзишӣ, допинг, ҳаракати олимпӣ дар мактаб ва ғайра маърӯза хонданд.

Дар рафти семинар, ҳамчунин сафири Федератсияи байналмилалии ҷудо Ҷулиан Брулард аз Фаронса, ки меҳмони Тоҷикистон аст, бо иштирокчиёни семинар доир ба ҳадафаш аз сафирӣ, инчунин аҳамияти варзиш ба инсон, нозукиҳои мураббигӣ ва ғайра суҳбат кард.

Ҷулиан нақша дорад ба беш аз 90 давлати дунё сафар кунад ва бо клубу мактабҳои варзиши ҷудо дар ҷаҳон ошно гардад. Аз ҷумла ӯ дар шаҳри Душанбе аз клубҳои варзишии Парвиз Собиров ва Ҳоҷӣ Шариф дидан кард.

Ҳамин тариқ, омӯзгорон соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ шуда, дар қисмати дуюми барнома давоми моҳи ноябр донишҳои омӯхтаашонро дар муассисаҳои таълимии худ, тариқи машғулиятҳои назариявӣ ва ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, ба хонандагон меомӯзонанд.