Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУЛОРАҶАБ ХАЛИФАЕВ ДАР BAKU GRAND SLAM 2022 МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ

МУЛОРАҶАБ ХАЛИФАЕВ ДАР BAKU GRAND SLAM 2022 МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ МУЛОРАҶАБ ХАЛИФАЕВ ДАР BAKU GRAND SLAM 2022 МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ

05.11.2022

: 149

4 ноябр, дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо – “Baku Grand Slam 2022” – паҳлавони тоҷик Мулораҷаб Халифаев дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

“Baku Grand Slam 2022” бо иштироки 366 варзишгар (206 мард, 160 зан) аз 61 давлат то 6 ноябр идома меёбад.

Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 12 варзишгар миёни мардон сафарбар гардиданд: Муслимбек Каримов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Каюмарс Норов (-66кг), Мулораҷаб Халифаев (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Абубакр Шеров (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Эмомризо Анварзода (-100кг), Раҳматулло Мирзоев (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг).

Мулораҷаб дар даври аввал варзишгари Мексика Робин Ҷара, дар даври дуюм варзишгари Венесуелла Виллис Гарсиа, дар даври сеюм варзишгари Узбекистон Муҳриддин Тиловов, дар чорякфинал варзишгари Сербия Страҳиня Бунсис, ар нимфинал варзишгари Муғулистон Эрхембайар Баттогтохро мағлуб намуда, ба финал баромад, вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи Молдова Денис Виеру шикаст хурд. Медалҳои биринҷиро дар вазни -66кг Орҳан Сафаров (Озарбойҷон) ва Давид Гарсиа Торне (Испания) ба даст оварданд.

Дар рӯзи аввал се варзишгари дигарамон Муслимбек Каримов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг) ва Каюмарс Норов (-66кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Дар рӯзи дуюм қувваозмоиҳои мардон дар вазнҳои -73кг ва -81кг доир мегардад. Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров дар вазни -73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг рӯи гилем мебароянд.