Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: БОЗИҲОИ ДАВРИ 19-УМ БАРГУЗОР ШУДАНД

02.11.2022

: 237

31 октябр ва 1 ноябр бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон имсол дар формати нав баргузор мешавад. Дастаҳое, ки дар қисми аввал ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, дар гурӯҳи “А” барои ҷоизаҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои 6-10-умро касб карданд, дар гурӯҳи “В” барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош мекунанд.

Дар даври 19-ум дар гурӯҳи “А” ду бозӣ баргузор шуд. “Хатлон” бар тими КМВА бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард. Голҳои тими Бохтарро Тоҳирҷон Тағойзода (2 гол), Нуриддин Ҳамроқулов, Рустамҷон Кучкаров, голҳои тими артишро Хуршед-Тимур Ҷураев, Аласса Монгбет ва Комрон Иброҳимов заданд.

Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб – “Хуҷанд” мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи “Хуҷанд ва Абдухалил Боронов аз тими “Равшан”-и Кӯлоб дуголӣ заданд. Якголии дигарро дар ҳайати тими Хуҷанд Хушнудбек Бозоров ва дар ҳайати тими Кӯлоб Шодиҷон Муродов ба самар расонданд.

Дар гурӯҳи “В” “Эсхата” бо “Равшан”-и Зафаробод мусовӣ (1:1) бозӣ карда, “Регар-ТадАЗ” бар тими “Файзканд” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Бахтиёр Зарипов аз “Эсхата”, Роман Хибаба аз “Равшан” (З) ва Фатҳулло Фатҳуллоев аз дастаи “Регар-ТадАЗ” якголӣ ба номашон сабт карданд.