Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ “NAMANGAN OPEN” 13 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ “NAMANGAN OPEN” 13 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ “NAMANGAN OPEN” 13 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

01.11.2022

: 318

25-29 октябр дар шаҳри Намангони Узбекистон 3-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо “Namangan Open” баргузор шуд.

Дар мусобиқа дар баробари намояндагони Узбекистон варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Покистон ширкат карданд. Дар асоси низомномаи мусобиқа қувваозмоиҳо миёни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон сурат гирифт.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо ба ин мусобиқа 37 варзишгар, 10 мураббӣ ва 4 довар сафарбар гардида, бо 13 медал – 6 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.

Миёни калонсолон Бахтовар Шарипов дар равияи пумсэ ва Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг медали тилло, Акбарҷон Бобоназаров дар равияи пумсэ медали нуқра, Лоиқ Давлатзода дар вазни -58кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Миёни ҷавонон Муҳаммадризо Шукуров дар вазни -55кг ҷои дуюмро касб намуд.

Миёни наврасон Абдуҷаъфар Баҳодурзод дар вазни -49кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Миёни кӯдакон Муҳаммад Шарипов дар вазни -24кг, Акрамҷон Насриев дар вазни -26кг, Мубориз Ёрасенов дар вазни -32кг ҷои аввал, Аҳмадзода Анвар дар вазни -24кг, Олия Муродова дар вазни -27кг ҷои дуюм, Абубакр Каримов дар вазни -23кг, Муҳаммад Давлатов дар вазни -28кг ҷои сеюмро сазовор гаштанд.