Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“СОРО КОМПАНИЯ” ВА “ИСТИҚЛОЛ” БА ФИНАЛИ СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН-2022 РОҲ ЁФТАНД

01.11.2022

: 193

Даври нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал баргузор шуда, дар натиҷа иштирокчиёни финали мусобиқа муайян шуданд.

Дар даври ½-ниҳоӣ дастаи «Соро компания»-и пойтахт бар «Сипар»-и Хуҷанд ду маротиба бо ҳисоби якхелаи 5:2 пирӯз шуд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар «Истаравшан» (11:2 ва 7:6) зафар ёфт.

Ҳамин тариқ, дар даври ниҳоӣ дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» ва барои медалҳои биринҷӣ «Сипар» ва «Истаравшан» рақобат мекунанд.

Бар асоси низомномаи Лигаи футзали Тоҷикистон, бозиҳои ниҳоии Суперлигаи кишвар аз силсилаи то се пирӯзии яке аз дастаҳо иборат буда, бозиҳо барои ҷойи сеюм дар формати то ду ғалаба баргузор мешаванд.