Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ИСТИҚЛОЛ” БОРИ НУҲУМ БАРАНДАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ШУД

“ИСТИҚЛОЛ” БОРИ НУҲУМ БАРАНДАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ШУД “ИСТИҚЛОЛ” БОРИ НУҲУМ БАРАНДАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ШУД “ИСТИҚЛОЛ” БОРИ НУҲУМ БАРАНДАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ШУД “ИСТИҚЛОЛ” БОРИ НУҲУМ БАРАНДАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ШУД

31.10.2022

: 177

Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 бар дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ пирӯз шуда, маротибаи нуҳум барандаи ҷом гардид.

“Истиқлол” қаблан солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 ҷоми миллиро сазовор гардида буд.

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2022 29 октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар сурат гирифт. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Ду қисми иловагӣ низ ғолибро муайян накард. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи душанбегиҳо хандид – 5:4.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиб ва барандаи медали нуқраи Ҷоми Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, котиби генералии ФФТ Фурқат Аҳмадҷонов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ширкат карданд.

Бозингари “Куктош” Алишер Шукуров беҳтарин бозингари дидори финалӣ дониста шуд. Ба ӯ 5000 сомонӣ тақдим гардид.

Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2022 – дастаи “Истиқлол” – дар баробари ҷому медал соҳиби 30000 сомонӣ гардид. Ба дастаи “Куктош” 20000 сомонӣ тақдим шуд.