Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУРАББИЁНИ ВАРЗИШИ САБУК СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ ШУДАНД

МУРАББИЁНИ ВАРЗИШИ САБУК СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ ШУДАНД МУРАББИЁНИ ВАРЗИШИ САБУК СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ ШУДАНД МУРАББИЁНИ ВАРЗИШИ САБУК СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ ШУДАНД

27.10.2022

: 257

Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аз 16 то 27 октябр дар шаҳри Душанбе курси техникии ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни варзиши сабук доир шуд.

Дар курси омӯзишӣ 20 мураббии ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд. Машғулиятҳоро давоми 10 рӯз ба таври назариявӣ ва амалӣ коршиносони сатҳи байналмилалӣ аз Қазоқистон Александр Круглигов ва аз Тоҷикистон Евгений Шумарин гузарониданд.

Дар маросими ҷамъбасти чорабинӣ котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат карда, мураббиёнро барои бомуваффақият ҷамъбаст кардани курс табрик гуфта, ба Александр Кругликов изҳори миннатдорӣ кард.

Гуфта шуд, донишу маҳорате, ки мураббиён аз коршиносон омӯхтанд, дар омода кардани варзишгарони ҷавон дар минтақаҳо кӯмак хоҳад кард.

Ба иштирокчиёни курс сертификати дараҷаи “1”-и ҳамбастагии олимпӣ тақдим карда шуд.