Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ФУТБОЛИ ОСИЁ-2023 МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ФУТБОЛИ ОСИЁ-2023 МУАЙЯН ШУДАНД ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ФУТБОЛИ ОСИЁ-2023 МУАЙЯН ШУДАНД

26.10.2022

: 210

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гурӯҳи “С” шомил шуд ва бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад.

Марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни мунтахабҳои ҷавонон аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.

Дар рафти қуръакашӣ, ки 26 октябр дар шаҳри Тошканд доир гашт, 16 даста ба 4 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Дар натиҷаи Чемпионати Осиё-2023 миёни ҷавонон 4 дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.