Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: МАРҲИЛАИ ДУЮМ БА АНҶОМ РАСИД

ЛИГАИ ОЛӢ: МАРҲИЛАИ ДУЮМ БА АНҶОМ РАСИД ЛИГАИ ОЛӢ: МАРҲИЛАИ ДУЮМ БА АНҶОМ РАСИД

24.10.2022

: 222

Бо баргузории бозиҳои даври 18-ум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.

Дар даври 18-ум аз 5 бозӣ 4 бозӣ мусовӣ шуд. Бозӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Зафаробод - “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:0, “Хуҷанд” – “Эсхата”, “Равшан”-и Кӯлоб – “Хатлон”, КМВА – “Истиқлол” бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом ёфт. Дар як бозӣ “Истаравшан” бар тими “Файзканд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ имсол дар формати нав баргузор мешавад. Дар ин марҳила дастаҳо ба ду гуруҳ тақсим мешаванд. Холҳои дар марҳилаҳои якуму дуюм гирифташуда ҳифз карда мешаванд. Аз рӯи натоиҷи ду марҳилаи гузашта панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1 то 5-ро ишғол мекунанд. Инҳо “Истиқлол”, “Хатлон”, “Равшан” (Кӯлоб), “Хуҷанд” ва КМВА мебошанд. Панҷ дастаи боқимонда – “Истаравшан”, “Файзканд”, “Эсхата”, “Равшан” (Зафаробод) ва “Регар-ТадАЗ” дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, ҷойҳои аз 6 то 10-умро ишғол намуда, барои нигоҳ доштани мавқеъ дар лигаи олӣ талош мекунанд. Ду дастае, ки дар ду ҷои охири ҷадвал мавқеъ мегиранд, дар охири мавсим ба лигаи якум мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 22 бозӣ анҷом медиҳад.