Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: АЗ ТОШКАНД БА АБУ ДАБӢ

20.10.2022

: 211

21-23 октябр мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – Гранд Слами Абу Дабӣ баргузор мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, ҷиҳати иштирок дар мусобиқа 417 варзишгар (241 мард, 176 зан) аз 65 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 10 нафар – 2 зан, 8 мард – ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафарбар гардиданд:

Бонувон:
-57кг – Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА
-63кг – Мавлуда ОДИНАЕВА

Мардҳо:
-60кг – Муслимбек КАРИМОВ
-66кг – Шаҳбоз САИДАБРОРОВ
-73кг – Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ
-81кг – Шодмон РИЗОЕВ
-90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-100кг – Абубакри АКОБИР
+100кг – Темур РАҲИМОВ

Чун анъана рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, рӯзи дуюм дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон, рӯзи сеюм дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо, -78кг, +78кг миёни бонувон сурат мегирад.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барандагони медали тилло 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро дарёфт мекунанд.