Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

РОБИН МИТЧЕЛ ПРЕЗИДЕНТ, ҶОАН АЛ-ТАНӢ НОИБИ АВВАЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ANOC ИНТИХОБ ШУДАНД

РОБИН МИТЧЕЛ ПРЕЗИДЕНТ, ҶОАН АЛ-ТАНӢ НОИБИ АВВАЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ANOC ИНТИХОБ ШУДАНД РОБИН МИТЧЕЛ ПРЕЗИДЕНТ, ҶОАН АЛ-ТАНӢ НОИБИ АВВАЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ANOC ИНТИХОБ ШУДАНД

20.10.2022

: 219

Дар рӯзи дуюми ҷаласаи 26-ум Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC), ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, барои давраи солҳои 2022-2026 Робин Митчел президент ва Ҷоан Ал-Танӣ ноиби аввали президенти ANOC интихоб шуданд.

Намояндаи Фиҷи Робин Митчел чор соли охир иҷрокунандаи вазифаи президенти ANOC буд. Ӯ дар ин мақом Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳи кувайтиро иваз кард, ки соли 2018 пас аз муттаҳам шудан ба қаллобии ҳуҷҷатҳо дар Швейтсария аз кор рафт.

Митчел пас аз интихоб бо ташаккур аз иштирокчиёни ҷаласа гуфт: “Ман бесаброна интизорам, ки бо шумо дар тӯли чор соли оянда ҳамкорӣ кунам ва боварӣ дорам, ки мо аз ин ҳамкорӣ лаззат хоҳем бурд".

Президенти Кумитаи олимпии Қатар Шайх Ҷоан бин Ҳамад Ал-Танӣ ноиби аввали президенти ANOC интихоб шуд. Ӯ чанде пеш ба ҳайати Комиссияи Олимпизм 365-и Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъин шуда буд.

Ҷоан Ал-Танӣ пас аз истиқболи ҳозирин гуфт: “Ман аз дастгирӣ ва эътимоди шумо, ки имрӯз ба ман нишон додед ва ба Шӯрои олимпии Осиё барои пешбарӣ миннатдорам. Ман монда нашуда, кор хоҳам кард, то минбаъд низ манфиатҳои кумитаҳои олимпиро намояндагӣ кунам ва аз ин ҳаяҷон дорам. Чуноне ки мо дар ҳаракати олимпӣ мегӯем, мо якҷоя қавитарем ва он бисёр чизҳое ҳаст, ки аз ҳамдигар омӯхта метавонем”.

Ёдрас мешавем, ки дар 26-ум Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Сеул намояндагони 204 кумитаи миллии олимпӣ ширкат доранд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ноиби Президент Раҳмонзода Абдулло ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд.