Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ДУ БОЗИИ МАВҚУФМОНДА БАРГУЗОР ШУД

20.10.2022

: 215

19 октябр ду бозии мавқуфмондаи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии мавқуфмондаи даври 5-ум тими “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Бозингари тими меҳмон Шавкати Ҳотам дар дақиқаи 19 ҳисобро кушод. Легионери аргентинии “Истиқлол” Гонсало Ритакко дар дақиқаи 32 ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюм бозингари тими Душанбе Манучеҳр Ҷалилов ду гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Дар бозии мавқуфмондаи даври 10-ум бошад, “Хатлон”-и Бохтар дар майдони худ аз дастаи КМВА бо ҳисоби 0:2 шикаст хурд. Голҳоро Хуршед-Темур Ҷураев дар дақиқаи 90 ва Аласа Монгбет дар дақиқаҳои иловагӣ (90+3) заданд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи бозиҳои 17 даври Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. То анҷоми марҳилаи дуюм як даври дигар боқӣ мондааст. Дар даври 18-ум 21 октябр “Равшан” (Зафаробод) бо “Регар-ТадАЗ”, 22 октябр “Хуҷанд” бо “Эсхата”, “Равшан” (Кӯлоб) бо “Хатлон” ва 23 октябр “Истаравшан” бо “Файзканд”, КМВА бо “Истиқлол” вомехуранд.

Дар ҷадвали чемпионат “Истиқлол” бо 38 хол пешсаф аст. “Хатлон” ва “Равшан”-и Кӯлоб бо 27-холӣ дар сегонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.