Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ANOC ДАР СЕУЛ ШУРУЪ ШУД

АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ANOC ДАР СЕУЛ ШУРУЪ ШУД АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ANOC ДАР СЕУЛ ШУРУЪ ШУД АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ANOC ДАР СЕУЛ ШУРУЪ ШУД

19.10.2022

: 385

Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ҷаласаи 26-ум Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) оғоз шуд ва то 21 октябр идома меёбад.

Дар ҷаласа намояндагон аз 204 кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат дорад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ноиби Президент Раҳмонзода Абдулло ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд.

Иҷрокунандаи президенти ANOC Робин Митчел дар суханронии ифтитоҳӣ, аз ҷумла гуфт: “Мо бояд дар хотир дорем, ки варзиш қудрати беҳамто дорад, ки одамонро ба ҳам мепайвандад, монеаҳоро дур мекунад, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб мекунад. Мо борҳо дидаем, ки чӣ гуна варзиш метавонад ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ мусоидат кунад ва ҳамаи моро ташвиқ кунад, ки беҳтарин бошем. Мо дидем, ки ҷаҳони варзиш дар арзишҳои муштараки худ муттаҳид мешавад ва тавре ки президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах гуфтааст, варзиш ба сулҳ имкон медиҳад”.

Давоми ду рӯз иштирокчиён ҳамчунин гузоришҳои котиби генералии ANOC, Комиссияи ҳуқуқи ANOC, Комиссияи молия ва аудити ANOC, Комиссияи мусобиқаҳои ANOC, Бозиҳои соҳилии ҷаҳон-2023, Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA), Агентии байналмилалии ташхисӣ (ITA), Суди арбитражи байналмилалӣ, гузориши ниҳоии Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, гузоришҳои Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон – Гангвон-2024, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии Милан/Кортина-2026, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро хоҳанд шунид.

Дар ҷаласа Нақшаи стратегии ANOC барои солҳои 2021-2024 тасдиқ шуда, президент ва ноиби аввали президенти ANOC барои давраи нав интихоб мегарданд.

Рӯзи сеюм дар сессияҳо масъалаҳои муҳими соҳаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ баррасӣ мешаванд.