Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРҲИЛАИ ФИНАЛИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 ДАР ҚАТАР ДОИР МЕГАРДАД

18.10.2022

: 200

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки 17 октябр дар Куала-Лумпур баргузор шуд, Қатар мизбони марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд. Санаҳои дақиқи баргузории мусобиқа ҳанӯз маълум нест.

Қатар, ки чемпиони феълии Осиё мебошад, бори сеюм дар таърихи худ мизбони Ҷоми Осиё мешавад. Қаблан солҳои 1988 ва 2011 Чемпионати Осиё дар ин кишвар баргузор шуда буд. Ҳамчунин моҳҳои ноябр-декабри имсол дар Қатар Чемпионати ҷаҳонии футбол доир мешавад.

Барои мизбонии Ҷоми Осиё-2023 Ҷумҳурии Корея ва Индонезия низ дархост дода буданд.

Ҷоми Осиё-2023 дар аввал қарор буд, ки дар Чин баргузор шавад. Аммо бо сабаби пандемияи коронавирус Конфедератсияи футболи Осиё Чинро аз ҳаққи мизбонӣ маҳрум кард.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2023 24 даста иштирок мекунанд. Ба ҷуз аз тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия дар мусобиқа ширкат меварзанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳ тақсим мешаванд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва чор дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки нишондиҳандаи беҳтар доранд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ ба ҳайси ду довталаби Ҷоми Осиё-2027 шомил шуданд ва қарори ниҳоӣ бояд дар Конгресси AFC, ки моҳи феврали соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, қабул гардад.

Ҷоми Осиё оид ба футбол аз соли 1956 ҳар чор сол як маротиба баргузор мешавад ва то имрӯз Ҷопон 4 маротиба (1992, 2000, 2004, 2011), Арабистону Саудӣ (1984, 1988, 1996) ва Эрон (1968, 1972, 1976) 3-маротибаӣ, Кореяи Ҷанубӣ 2 маротиба (1956, 1960), Исроил (1964), Кувайт (1980), Ироқ (2007), Австралия (2015), Қатар (2019) якмаротибаӣ ба гирифтани унвони чемпионӣ даст ёфтаанд.