Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ДУШАНБЕ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ВАРЗИШИ САБУК ОҒОЗ ШУД

ДАР ДУШАНБЕ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ВАРЗИШИ САБУК ОҒОЗ ШУД ДАР ДУШАНБЕ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ВАРЗИШИ САБУК ОҒОЗ ШУД

17.10.2022

: 261

Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе курси техникии ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни варзиши сабук оғоз шуд.

Дар курси омӯзишӣ мураббиён аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи варзиши сабук иштирок карданд.

Қайд гардид, ки курси техникӣ бо мақсади такмили ихтисоси мураббиён ва рушди бештари ин намуди варзиш давоми 10 рӯз доир мегардад. Машғулиятҳоро ба таври назариявӣ ва амалӣ коршиноси сатҳи байналмилалӣ аз Қазоқистон Александр Круглигов мегузаронад.

Гуфта шуд, дастовардҳои Тоҷикистон дар варзиши сабук назаррас аст. Ягона медали тиллои Бозиҳои олимпӣ, танҳо ду медали тиллои чемпионатҳои ҷаҳон аз намудҳои олимпӣ, ягона медали тиллои Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, 3 медали тиллои Бозиҳои Осиё, 5 медали тиллои Чемпионати Осиёро варзишгарони мо маҳз дар варзиши сабук ба даст овардаанд. Ҳамчунин, натиҷаҳои варзишгарони мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ қобили васф аст.

Курси техникӣ то 27 октябр идома карда, пас аз анҷом ба иштирокчиён сертификати дараҷаи “А”-и мураббигӣ тақдим карда хоҳад шуд.