Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БА ҶОМИ ОСИЁ-2023 РОҲХАТ ГИРИФТ

10.10.2022

: 211

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳоро Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода заданд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо 6 хол дар гурӯҳ ҷои аввалро гирифта, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Ба ҷуз аз тими наврасони Тоҷикистон (U-17) мунтахаби Афғонистон (3 хол) низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то 17-сола ҳамаи дастаҳои қора дар 10 гурӯҳ иштирок карда, барои 16 роҳхати марҳилаи финалӣ талош намуданд.

Ҳамин тариқ, ба ғайр аз тимҳои Тоҷикистон ва Афғонистон (гурӯҳи “Н”), инчунин дастаҳои мунтахаби наврасони Ҷопон (гурӯҳи “А”), Малайзия (гурӯҳи “В”), Қатар (гурӯҳи “С”), Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон (гурӯҳи “D”), Яман (гурӯҳи “Е”), Ветнам, Тайланд (гурӯҳи “F”), Австралия, Чин (гурӯҳи “G”), Эрон, Лаос (гурӯҳи “I”) ва Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “J”) ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023-ро пайдо карданд.