Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

3 ГОЛИ БЕҶАВОБИ ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БА ДАРВОЗАИ ТИМИ МУҒУЛИСТОН

06.10.2022

: 166

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бар тими Муғулистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Бозии дастаҳои шоми 5-уми октбяр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт.

Дар дақиқаи 28-уми дидор бозингари Муғулистон Итгел Балчиндрож ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Ду голи дигарро Абубакр Сулаймонов ва Шеравган Саидов заданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) рӯзи 9 октябр бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе, соати 19:00 оғоз мешавад.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то 17-сола ҳамаи дастаҳои қора дар 10 гурӯҳ иштирок доранд. Тибқи низомнома ғолибони ҳамаи гурӯҳҳо ва 5 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки моҳи майи соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.