Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ВУСЪАТ МЕЁБАД

05.10.2022

: 229

Семинари навбатии омӯзишии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 3-4 октябр дар ноҳияи Данғара баргузор шуд.

Дар семинар, ки бо дастгирии молиявии Шӯрои олимпии Осиё баргузор шуд, беҳтарин варзишгарони ноҳияи Данғара ширкат карданд.

Ба варзишгарон раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ, директори генералии КМОТ, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва дигар мутахассисони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон доир ба мавзуъҳои ба варзишгарон алоқаманд маърӯза хонданд.

Варзишгарон, аз ҷумла, доир ба фаъолияти Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мавзӯъҳои варзишгарон дар маркази ҳаркати олимпӣ, зидди допинг, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё ва дигар бозиҳои маҷмӯи варзишӣ, дастгирии варзишгарон, бехатарӣ дар варзиш ва ғайра маълумот гирифтанд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Данғара намояндагии Комиссияи варзишгарони КМОТ таъсис дода шуд, ки дар оянда оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба варзишгарон имкон доранд тавассути Комиссияи варзишгарони КМОТ ба Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки то имрӯз намояндагиҳои Комиссияи варзишгарони КМОТ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Исфара, Турсунзода, ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷалолиддин Балхӣ таъсис дода шудааст.