Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ ОСИЁ БАРОИ МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ЁФТ

05.10.2022

: 220

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов баромади худро дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт анҷом дод.

Дар даври чорякфиналӣ дастаи мо дар муборизаи бисёр ҳассос аз мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Футболбозони тоҷик дар қисми аввал бо ҳисоби 0:1 шикаст мехӯрданд, вале дар қисми дуюми бозӣ онҳо на танҳо натиҷаро баробар карданд, балки ба пеш баромаданд - 2:1. Дар лаҳзаҳои охир футболбозони Тайланд боз пешсафиро соҳиб шуданд. 30 сония қабл аз садои ҳуштаки ниҳоӣ тайландиҳо голи пирӯзиоварро ба самар расониданд.

Голҳоро дар ҳайати тими Тоҷикистон Иқбол Воситзода ва Идрис Ёров заданд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 шогирдони Пайрав Воҳидов бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз тими Узбекистон (2:3) шикаст хӯрда буданд.

Ба марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар баробари Тайланд, инчунин дастаҳои футзали Эрон, Ҷопон ва Узбекистон баромаданд.