Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУЛОҚОТИ ДИЛШОД НАЗАРОВ БО ВЛАДИМИР МАКСИМОВ ДАР КАМБОҶА

МУЛОҚОТИ ДИЛШОД НАЗАРОВ БО ВЛАДИМИР МАКСИМОВ ДАР КАМБОҶА МУЛОҚОТИ ДИЛШОД НАЗАРОВ БО ВЛАДИМИР МАКСИМОВ ДАР КАМБОҶА

05.10.2022

: 242

4 октябр дар ҳошияи ҷаласаи 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо президенти Кумитаи байналмилалии бозиҳои “Бачаҳои Осиё” Владимир Максимов мулоқот кард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкорӣ, рушди варзиш миёни ҷавонон ва масъалаҳои 2-юм Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”-ро баррасӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 2-юм Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” аз 23 феврал то 5 марти соли 2023 дар шаҳри Кузбас, вилояти Кемеровои Федератсияи Россия баргузор мешавад.

Владимир Максимов изҳор намуд, ки хароҷоти сафари ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Кумитаи байналмилалии бозиҳои “Бачаҳои Осиё” таъмин хоҳад кард.