Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НЕОМИ АРАБИСТОНИ САУДӢ МИЗБОНИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОСИЁ-2029 ЭЪЛОН ШУД

05.10.2022

: 237

Биёбонҳо ва кӯҳҳои Арабистони Саудӣ ба наздикӣ майдони варзиши зимистона хоҳад шуд.

Минтақаи Тройенаи шаҳри Неом дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ 4 октябр дар 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Камбоҷа мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шуд.

Ин аввалин кишвар дар Осиёи Ғарбӣ хоҳад буд, ки Бозиҳои зимистонаи Осиёро мизбонӣ мекунад. Бозиҳои зимистонаи Осиё аз соли 1986 чор маротиба дар Ҷопон, ду маротиба дар Чин ва як маротибаӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон баргузор шудааст.

Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 сеюм чорабинии бузурги варзишӣ аст, ки Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Қаблан Шӯрои олимпии Осиё ҳаққи мизбонии Бозиҳои Осиё-2034 ва Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2025-ро ба Арабистони Саудӣ дода буд. Ин ду сорабинӣ дар шаҳри Риёз баргузор хоҳанд шуд.