Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶАЛАСАИ 41-УМ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ОСА БАРГУЗОР ШУД

ҶАЛАСАИ 41-УМ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ОСА БАРГУЗОР ШУД ҶАЛАСАИ 41-УМ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ОСА БАРГУЗОР ШУД ҶАЛАСАИ 41-УМ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ОСА БАРГУЗОР ШУД ҶАЛАСАИ 41-УМ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ОСА БАРГУЗОР ШУД

05.10.2022

: 243

4 октябр дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа ҷаласаи 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) баргузор шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ 400 нафар вакилони Ассамблеяи генералии ОСА-ро истиқбол кард.

Дар ҷаласа аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ноиби Президент Дилшод Назаров ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат карданд.

Раҷа Рандхир гуфт, ки дидани шумораи зиёди намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори олимпӣ дар Ассамблеяи генералӣ пас аз ду соли пандемия "хушнудии бузург" аст.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA ба санаи як сол ба таъхир афтодани Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 ишора кард ва гуфт: “Мо интизори ҳаяҷон ва ваҳдате ҳастем, ки Бозиҳои Осиё дар қора ва дар саросари ҷаҳон эҷод мекунад».

Раҷа Рандхир гуфт, ки ҷунбиши варзишии Осиё аз пандемия қавитар шудааст ва минбаъд низ варзишгаронро дар омодагӣ ба бозиҳои маҷмӯии варзишӣ, бахусус Бозиҳои осиёӣ дар ҷои аввал мегузорад. Вай инчунин Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу ва Кумитаи олимпии Чинро барои талошҳои пайвастаашон дар тӯли солҳои пандемия табрик гуфт ва илова кард, ки 54 макони мусобиқаҳо барои 19-ум Бозиҳои Осиё омодаанд.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё тавассути паёми видеоӣ гуфт, ки Осиё таърихи олимпӣ ва варзишро эҷод кардааст.

Вай ба вакилони Ассамблеяи генералӣ гуфт: «Бо давраи бесобиқаи осиёии се нашри пайдарпайи Бозиҳои олимпӣ, ки ҳоло дар паси мо қарор дорад, ҷомеаи олимпии тамоми Осиё метавонад ба ақиб бо ифтихори бузург нигоҳ кунад. Аз Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчан-2018 сар карда, то Бозиҳои олимпии мавқуфгузошташудаи Токио-2020 ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, шумо воқеан гуфта метавонед, ки Осиё таърихи варзишро навишт, Осиё таърихи олимпиро навишт. Бинобар ин, ман мехоҳам барои саҳми бузургатон дар муваффақияти ин давраи барҷастаи олимпии Осиё изҳори сипос кунам”.

Томас Бах ҳамчунин аз аҳамияти варзиш дар ташаккули ҷомеа, бахусус дар ҷаҳони пас аз пандемия сухан гуфт.

«Новобаста ба он ки мо бо кадом монеаҳо рӯ ба рӯ шавем, мо метавонем танҳо тезтар пеш равем, баландтар ҳадаф гирем ва қавитар шавем, агар дар ҳамбастагӣ бошем. Дар ин замонҳои душвор, бо афзоиши ихтилофҳо ва ҷангҳо, мо ба қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ниёз дорем, то арзишҳои олимпии сулҳ ва ҳамбастагиро беш аз пеш тарғиб кунад”.

Дар ҷаласа, ҳамчунин дигар масъалаҳои ҳаракати олимпии қораи Осиё баррасӣ шуданд.